НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид

Июль 20, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар Тоҷикистон суръати рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 10,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 10,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4 фоиз, гардиши савдо 26,1 фоиз, боркашонӣ 14,7 фоиз ва мусофиркашонӣ 8 фоиз таъмин гардид.

Шарҳ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа 2,6 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ 3,8 фоиз зиёд гардидааст.

Гуфта шуд, ки барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки имконияти истеҳсоливу содиротӣ ва таъсиси ҷойи нави кор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Новобаста аз таъсир ва пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳонию минтақавӣ дар шаш моҳи соли 2026 рушди мусбати иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд