НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Академияи идоракунии давлатӣ аз рӯйи 31 ихтисос мутахассис омода менамояд
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодасозии мутахассисон аз рӯйи 31 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иттилоъ дод.
Даврон Сафарзода иброз намуд, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаи табодули академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ амалӣ менамояд.
«Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 барои идомаи таҳсил аз рӯи барномаи табодули академӣ 12 нафар донишҷӯ ва як нафар корманди академия ба ҳайси омӯзгор ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ сафарбар шуданд»,-афзуд ректори академия.
Инчунин барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба академия 2 нафар магистрант, 3 нафар докторант (PhD) ва як нафар омӯзгор аз Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаро гирифта шудааст.
Дар рафти нишаст иттилоъ дода шуд, ки айни замон академия бо 17 ташкилоти байналмилалӣ ва 33 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, инчунин 5 эъломияи муштарак ба имзо расонидааст. Инчунин академия аз соли таҳсили 2021–2022 барномаи муштараки магистрии «1+1»-ро бо Донишгоҳи Авруосиёии ба номи Л.Н. Гумилёв аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ» ба роҳ мондааст. Тибқи ин барнома, магистрантон соли аввали таҳсилро дар ин донишгоҳ ва соли дуюмро дар академия идома дода, пас аз хатми таҳсил соҳиби ду диплом мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






