НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид

Июль 22, 2026 14:56

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 123,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 17 миллиарду 402 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиарду 292 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 100,2 фоиз, вилояти Хатлон 103 фоиз, вилояти Суғд 106,3 фоиз, шаҳри Душанбе 126,7 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109,4 фоиз ва Раёсати андозсупорандагони калон 141,6 фоиз таъмин гардид.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 22 ҳазору 400 ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ асосан вобаста ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва рамзгузории электронии молҳо, сари вақт бо мақомоти андоз тартиб надодани санади муқоисавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 113 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 101 миллион сомонӣ маблағҳо ворид карда шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2026 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд