НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

Июль 22, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 331,4 миллион сомонӣ зарарро ошкор намуд, ки дар натиҷа 449 миллион сомонӣ ба манфиати давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон барқарор карда шуд. Дар ин хусус директори агентӣ Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Ҳамзамон кормандони агентӣ 840 вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, нисбат ба 940 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия парванда оғоз кардаанд.

Сулаймон Султонзода гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд