НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд

Июль 21, 2026 13:18

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар натиҷаи 51 чорабинии аудиторие, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо анҷом дод, ба маблағи 336 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ошкор гардид. Аз ин маблағ 202 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тавре Ҷамшед Каримзода иброз дошт, аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ 27 мавод ба маблағи 212 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ ирсол гардид.

Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳо ва норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 хулоса ва мактуби иттилоотӣ бо 563 тавсияи судманд пешниҳод гардида, 16 қарору фармон қабул ва нисбат ба 30 нафар чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуданд.

Дар нишаст таъкид гардид, ки дар Палатаи ҳисоб раванди ислоҳоти соҳавӣ идома дошта, бо дарназардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии мақомоти олии аудит (ISSAI) ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам як қатор санадҳои методӣ, аз ҷумла «Стандарт оид ба гузаронидани аудити барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Роҳнамо оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани аудити энергетикӣ» ва «Роҳнамо оид ба гузаронидани аудити лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» тасдиқ гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд