НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 44 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба 44 давлати ҷаҳон молу маҳсулоти ватанӣ содирот шудааст. Нишондиҳандаҳои молу маҳсулот ба 1 миллиарду 600 миллион доллар баробар гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 623 миллиону 700 ҳазор доллар ё 65,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Аз ҳаҷми умумии содирот 97,4 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 2,6 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил дода, аз ин иқтидор аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот дар ҳаҷми 55 ҳазор тонна ба маблағи 458 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, аз ҷумла ба маблағи 398 миллиону 900 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 33 ҳазору 100 тонна маҳсулоти саноатӣ ва ба маблағи 59 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 21 ҳазору 900 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст.
«Мувофиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли равон Тоҷикистон гардиши савдои хориҷиро бо 127 давлати хориҷаи дуру наздик ба маблағи 6 миллиарду 800 миллион доллар ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2 миллиарду 100 миллион доллар ё 43,8 фоиз зиёд мебошад»,-гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Дар нишаст гуфта шуд, ки сохтори содирот асосан аз ҳисоби металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо ба маблағи 517 миллион доллар, маъдан ва консентратҳо 451,7 миллион доллар , сурма ва маснуот аз он 144,3 миллион доллар, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 128,8 миллион доллар, нахи пахта 73,5 миллион доллар, мис ва маснуот аз он 40,7 миллион доллар, маҳсулоти кишоварзӣ 40,5 миллион доллар, қувваи барқ 30,5 миллион доллар, калобаи пахтагӣ 20,8 миллион доллар, либосҳои гуногун 21,5 миллион доллар, қисмҳои мошин ва таҷҳизот 15 миллион, маҳсулоти полиграфӣ 13,3 миллион доллар, маҳсулоти кимиёии ғайриорганикӣ 10 миллион доллар, ангишт 9,2 миллион доллар, сурб 14,7 миллион доллар ва семент 4,6 миллион доллар ташаккул ёфтааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






