НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид

Июль 21, 2026 10:17

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 17 380 мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1653 мавод кам аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлия Музаффар Ашуриён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли 2026 дар самти қонунгузорӣ 4065 мавод ворид шуд. Инчунин дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутахассисони вазорат 1536 маводро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳама маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 Вазорати адлия барои мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 5 лоиҳаи қонун ва 9 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид