НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то 1 июни соли 2026 дар саросари мамлакат 31 ҳазору 377 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар натиҷа беш аз 57 ҳазору 151 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, иҷрои нақша 106,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Камолиддин Муминзод афзуд, ки корҳои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» идома дошта, маълумоти таҳлилӣ мунтазам ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Гуфта шуд, ки дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ Кумита натиҷаҳои мониторинги барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳоро ҷамъбаст намуда, барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки айни замон 42 созишномаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ мавриди амал қарор дорад. Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайритиҷоратии «Саемаул Ундонг»-и Ҷумҳурии Корея татбиқи лоиҳаҳои рушди инфрасохторӣ дар як қатор деҳаҳои ҷумҳурӣ идома дошта, маблағи умумии онҳо 440 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ширин ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






