НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст

Июль 15, 2026 10:44

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2026» барои дарёфти гранти президентӣ дар соли 2026 ба комиссияи озмун 945 лоиҳа пешниҳод гардидааст. Дар айни замон лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи озмун мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Грантҳои президентӣ яке аз механизмҳои муҳими дастгирии фаъолияти соҳибкории занон буда, ба баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳо, истифодаи самараноки буҷети оилавӣ, афзоиши фаъолнокии занон дар бахши тиҷорат ва ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»,–афзуд Бунафша Файзиддинзода.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи татбиқи ин қарор 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ соҳиби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии ин лоиҳаҳо 1 ҳазору 225 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Иброз гардид, ки аз шумораи умумии лоиҳаҳои дастгиришуда 37 лоиҳа ба шаҳри Душанбе, 74 лоиҳа ба вилояти Хатлон, 40 лоиҳа ба вилояти Суғд, 18 лоиҳа ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 лоиҳа ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 9 лоиҳа ба ноҳияҳои минтақаи Рашт рост меояд.

Ба иттилои Бунафша Файзиддинзода, лоиҳаҳои дастгиришуда самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкориро дар бар гирифта, аз ҷумла ба бунёди боғу гармхонаҳо, таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, чорводорӣ, қаннодӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, таъсиси марказҳои типографӣ, толори варзишӣ барои занон, кошонаи ҳусн, марказҳои омӯзишӣ, коргоҳҳои консервабарорӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли мураббо равона карда шудаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2026 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд