НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд

Июль 29, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 нисбат ба 1972 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 900 ҳазору 510 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Дар ин хусус 28 июл зимни нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Бохтар иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 380 маротиба ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва 354 маротиба ҳашарҳои экологии «Тозагии шоҳроҳ» баргузор карда шуданд. Дар онҳо 109 893 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 742 300 метри мураббаъ шафати роҳу пиёдароҳҳоро тоза карда, 2754,2 метри мукааб партовҳоро дар партовгоҳҳои доимӣ безарар гардониданд.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки барои эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ бо ҷалби 37 158 нафар 336 маротиба ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Зимни он дар масофаи 539 километр соҳили каналу ҷӯйбор ва заҳбуру заҳкашҳо ба миқдори 739,8 метри мукааб аз партовҳо тоза ва безарар гардонида шуд.

Дар ин муддат дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар субъектҳои гуногуни хоҷагидории вилоят 1924 амалиёти назорати давлатӣ гузаронида шуда, барои ҷой доштани камбудиҳо ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоот 3944 пешниҳод дода шуд. Аз онҳо то имрӯз 3155 пешниҳод мавриди иҷро қарор гирифтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад