НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ», дар шаш моҳи соли 2026 дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ба 142 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки тибқи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ» дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 пармачоҳ бо жарфи умумии 294 метр парма карда шуданд.
Ҳамчунин мувофиқи лоиҳаи «Пешбурди Кадастри давлатии об», дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аввалия дар 20, такрорӣ дар 42 ва реҷавӣ дар 182 пармачоҳ ва обанборҳо гузаронида шуда, 110 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд. Таркиби химиявии обҳо муътадил арзёбӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки воҳидҳои сохтории саридора дар баробари иҷрои лоиҳаҳои барномавӣ корҳои омӯзиши геологӣ ва бозҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданокро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои «ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ», «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин», «Зарафшон», «Талко Голд», «Анзоб», «Апрелевка» дар объектҳои иҷозатномавии онҳо мунтазам иҷро менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






