НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 65 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пойгоҳои базавии стандартӣ 5G насб карда мешавад

Июль 8, 2026 13:00

ДУШАНБ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G амалӣ мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 131 истгоҳи базавии насли 5G насб ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар шаҳри Душанбе 97 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 5, Кӯлоб 3 адад ва Хуҷанд 24 адад мебошад.

Инчунин дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 11 ҳазору 863 адад гурӯҳи аккумуляторҳо, 3366 адад дизелгенераторҳо ва 2605 адад панелҳои офтобӣ бо иқтидори 12,55 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки соли 2026 насб ё иваз намудани 3556 аккумулятор, 296 дизелгенератор ва насби 1801 панели офтобӣ бо иқтидори 5,63 МВт ба нақша гирифта шудаанд.

Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет дар давраи ҳисоботӣ 383 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 253 километрро ташкил медод 51,4 фоиз зиёд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд