НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 415 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки ин 2,24%-и донишҷӯёни донишгоҳро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Хурсанд Ҳамдамзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 63 донишҷӯ донишгоҳро бо Дипломи аъло хатм намуда, 10 нафар сазовори Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
«Дар донишгоҳ аз табақаҳои ниёзманд 460 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 27 нафар ятими кулл, 379 нафар нимятим ва 54 нафар дорои имконияти маҳдуд мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор доранд»,–афзуд Хурсанд Ҳамдамзода.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар барои иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намудааст. Он дорои 41 кабинети фаннӣ, 25 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, инчунин 4 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 8 майдон ва як маҷмааи варзишӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст






