НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари донишҷӯёни тоҷик 2161 нафар донишҷӯи дигар аз 32 давлати дунё таҳсил менамоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба андешаи ректор, дар натиҷаи боло рафтани нуфуз ва рейтинги байналмилалалии донишгоҳ миқдори муҳассилини хориҷӣ нисбат ба соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯи 7 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология», «Фарматсия», «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» мутахассис омода карда мешавад.
Бо назардошти талаботи соҳа барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав — «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шуд.
Дар донишгоҳ 14 ҳазору 879 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ин шумора нисбат ба соли таҳсили 2025 1107 нафар зиёд аст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






