НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2026 ду шурои нави диссертатсионӣ: шурои адабиётшиносӣ (аз нав) ва шурои рӯзноманигорӣ (нав) ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки таъсиси шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ талаботи замон мебошад. Шурои диссертатсионии адабиётшиносӣ бо рамзи 6D.KOA-122 аз рӯйи ихтисосҳои нав: 6D020501 — Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ; 6D021002 — Адабиёти халқҳои мамлакатҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия ва 6D021403 — Матншиносӣ ва нусхашиносӣ дубора таъсис дода шуд. Шурои диссертатсионии рӯзноманигорӣ бо рамзи 6D.KOA-123 аз рӯйи ду ихтисос: 6D050401 — рӯзноманигорӣ ва 6D051601 — рӯзноманигории байналмилалӣ навтаъсис мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди фаъолияти илмӣ фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Дар айни замон дар заминаи донишгоҳ 24 Шурои диссертатсионӣ, аз ҷумла 16 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 Шурои диссертатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия фаъолият доранд.
Эмомалӣ Насриддинзода афзуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии «Таҳсилоти Олии Таймз» (Times Higher Education (THE)) ворид гардида, байни 1646 донишгоҳи бонуфузи дунё аз 116 давлат мақоми намоёнро соҳиб гардид. Дар раддабандии номбаршуда ба донишгоҳҳо аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид баҳо гузошта мешавад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 33,1-53,6 хол аз рӯйи ҳама нишондодҳо нахустин донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба ин раддабандӣ ворид гардид. Яъне, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мақом ва холҳои назаррасро соҳиб гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






