НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд

Июль 24, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин донишгоҳ иттилоъ дода шуд.

Ин ихтисосҳо- «Таъминоти барномавии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ», «Технологияҳои ҳушманд», «Амнияти киберӣ», «Криптография», «Технология ва менеҷменти саноати сабук», «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати сабук», «Масолеҳшиносӣ ва экспертизаи сифати маҳсулоти нассоҷӣ ва саноати сабук», «Технологияи саноати дору», «Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок» ва «Хизматрасонии техникии лифтҳо ва эскалаторҳо» мебошанд.

Донишгоҳ муассисаи таълимии базавии омодакунии кадрҳои соҳаҳои муҳандисӣ буда, тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманд дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ саҳми бориз дорад. Ҳамасола дар муассиса бо таваҷҷуҳ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои воқеӣ ихтисосҳои наву бахшҳои ҷадиди таҳқиқоти илмӣ ифтитоҳ мегарданд, ки дар шароити муосир амали саривақтӣ ва ташаббуси калидӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон таҳсил дар донишгоҳ аз рӯйи 112 ихтисоси бакалавриат, 76 ихтисоси магистратура, 42 самти докторантура (PhD) ва 15 самти докторантураи анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ фаъолияти факултетҳои муштарак бо Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ-техникии Беларус, академияи 3 давлатии авиатсияи Беларус ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи 15 барномаи таълимӣ амалӣ гардида, барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ буда, дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам амалӣ мегардад. Ин раванд ба таҳкими робитаи таҳсилоти олӣ бо бозори меҳнат ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ мусоидат менамояд.

«Моҳи май дар донишгоҳ маҷлиси Комиссияи тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2025–2026 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни комиссия барои хатмкунандагон 12 ҳазору  649 ҷойи кори холӣ пешниҳод карда шуд, ки ин нишондиҳанда аз шумораи хатмкунандагони шуъбаи рӯзона чандин маротиба зиёд буда, аз талаботи баланди бозори меҳнат ба мутахассисони омоданамудаи донишгоҳ шаҳодат медиҳад»,-гуфт Қудрат Давлатзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон аз 533 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон 303 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Аз ҷумла, 36 нафар доктори илм ва профессор ва 267 нафар номзади илм ва дотсент мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо ба талаботи амалкунандаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буда, барои таъмини сифати таҳсилот, рушди фаъолияти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд