НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод 5452 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва 405 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 390 нафар тибқи шаҳодатнома, 204 нафар тибқи патент ва 288 нафар тибқи шаҳодатномаи шакли махсус фаъолият менамоянд. Ин нисбат ба шаш моҳи соли 2025 118 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти хурди қарзӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ 10,6 миллион сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2025 5,6 миллион сомонӣ кам мебошад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Файзобод 4036 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Дар ин давра 36 гектар боғ бунёд гардида, инчунин дар беш аз 10 408 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дар шаш моҳи соли 2026 бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликият 206,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст. Ин рақам нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2025 21,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид






