НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 Шурои экспертӣ фаъолияти самаранок доранд, ки тамоми самтҳои асосии илмиро фаро мегиранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ин ниҳод Сайфиддин Давлатзода ба хабарнигор иттилоъ дод.
Аз 13 Шурои экспертӣ, 4 Шурои экспертӣ дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ, 3 Шуро дар самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, 4 Шуро дар самти илмҳои ҷамъиятӣ ва 2 Шуро дар самти илмҳои гуманитарӣ фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мақсади такмили фаъолияти экспертӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва мутобиқ намудани ҳайати шуроҳо ба талаботи муқарраршуда, ба ҳайати як қатор шуроҳои экспертӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Аз ҷумла, ҳайати шуроҳои экспертии «Фалсафа, сотсиология ва сиёсатшиносӣ», «Забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ», «Физика, астрономия ва математика», «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ» ва «Ҳуқуқшиносӣ» таҷдид гардида, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва олимони варзида такмил дода шуд.
Сайфиддин Давлатзода афзуд, ки комиссия дар нимаи дуюми соли 2026 нақша дорад, ки такмили низоми фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва экспертизаи диссертатсияҳо дар асоси меъёрҳои муосири баҳогузорӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам амалӣ намояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






