НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 601 миллиону 377 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 151 миллиону 591 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки аз 174 корхонаи истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли 105 корхона зиёд шуда, дар 40 корхона бо сабаби пайдо нашудани талабот иҷрои уҳдадориҳо кам шуда, 29 корхона фаъолият накардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 8531 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 970,7 тонна ё 12,8 фоиз аз нақша иҷро гардидааст. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ 671,5 тонна ғалладонагиҳо, 1501,5 тонна картошка ва 2648 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин аз 150 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ 750 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонӣ вусъат ёфта, дар ҳудуди ноҳия 163 ҳазору 994 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан, 1 миллиону 659 ҳазору 960 адад гулҳои мавсимӣ, 135 ҳазор қаламча, 49 ҳазору 670 бех гули бисёрсола, 845 ҳазору 419 бех гули лола шинонида, масоҳати 32 ҳазору 470 метри мураббаъ сабзазор гардонида шудааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






