НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз натиҷаи мониторинги шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025- 2026 муайян гардид, ки сатҳи дониши донишҷӯён ба 46,6 ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 88,2 фоиз баробар аст. Нисбат ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 сатҳи дониши донишҷӯён 2,3 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 2,9 фоиз баланд гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 даври озмоишӣ ва соли 2026 даври асосии арзёбии байналмилалии PIRLS дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 6975 хонандаи синфҳои чорум гузаронида шуд. Натиҷаи ҷамъбасти мониторинги гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2025-2026 муайян намуд, ки сатҳи дониши хонандагон ба 38,9 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 95,5 фоиз баробар мебошад. Дар муқоиса ба соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сифати таҳсилот 1,4 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,1 фоиз баланд гардидааст.
Таъкид шуд, ки бо назардошти таҷрибаи давлатҳои муваффақ индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳия гардида, барои аз бақайдгирии давлатӣ гузаронидан ба Вазорати адлияи Тоҷикистон фиристода шуданд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи нахустин иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо дар арзёбии байналмилалии PISA-2025 ба нақша гирифтанд, ки даври озмоишии он соли 2024 ва даври асосӣ соли 2025 гузаронида шуд. Натиҷаи ниҳоии он 14 сентябри соли 2026 аз ҷониби Маркази байналмилалии PISA эълон карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






