НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст

Июль 15, 2026 13:22

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 889 ҳазору 400 нафар сайёҳи хориҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки тибқи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ ба Тоҷикистон 1 миллиону 63 ҳазору 400 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин шумора 806 ҳазору 900 нафар аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 82 ҳазору 500 нафар аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар мамлакат заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи сайёҳӣ мунтазам такмил ёфта, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки соли 2018 қабул гардидааст, соли нуҳум аст, ки мавриди татбиқ қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 216 меҳмонхона, 53 хостел ва мотел, 57 осоишгоҳ, 4 осоишгоҳи кӯдакона, 6 маркази муолиҷавӣ, 8 хонаи истироҳатӣ ва 5 базаи сайёҳӣ фаъолият намуданд.

Инчунин мувофиқи Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳӣ, ба ҳолати шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 ширкат, шаҳри Душанбе 93 ширкат, вилояти Суғд 42 ширкат, вилояти Хатлон 15 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2026 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад