НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд

Июль 20, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 20 июл зимни нишасти матуботӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,6 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,8 фоиз ба амал омад.

Таварруми солона дар моҳи июни соли равон дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 банди фоизӣ ) қарор дошта, 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 39 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 82,5 миллиард сомонӣ баргузор намуд. Инчунин аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2,0 миллиард сомониро ташкил мекунанд.

Таъкид гардид, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум, нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ ва муътадилшавии нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст