НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд

Июль 27, 2026 10:00

ВАРЗОБ, 27.07.2026 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Варзоб нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 43 миллиону 80 ҳазору 355 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 430 ҳазору 360 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 37 миллиону 399 ҳазору 997 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 139 ҳазору 979 сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Сокинони ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 143 адади он ба истифода дода шудааст. Дар айни замон сохтмони иншооти боқимонда идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар шаш моҳи соли равон 14,8 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуда, ин иқдоми сокинон идома дорад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2026 аз тарафи Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб 15 симчӯби фарсуда ба симчӯбҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуд. Дар баробари ин бо дарозии 5 километр ноқилҳои фарсуда ба ноқилҳои нав иваз карда шуданд.

Сарфаи неруи барқ дар ноҳияи Варзоб дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 250 ҳазор кВт-соатро ташкил медиҳад. Талафоти неруи барқ дар шаш моҳи соли равон ба 13,2 фоиз расидааст.

Ёдовар мешавем, ки Варзоб — ноҳия, дара ва дарёи машҳур дар Тоҷикистон аст, ки дар наздикии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, бо табиати зебо ва маконҳои сайёҳияш ном баровардааст. Ин минтақаи Тоҷикистон бо табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои нотакрор ва имконоти сайёҳӣ ҳамасола таваҷҷуҳи гардишгарони зиёдеро ҷалб менамояд.

Ноҳияи Варзоб бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, табиати нотакрор ва иқлими форам яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ноҳияи кӯҳистон, ки дар наздикии пойтахт– шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёдеро аз дохил ва хориҷи мамлакат қабул мекунад. Манзараҳои зебои кӯҳӣ, дарёи мусаффои Варзоб, ҳавои тоза ва инфрасохтори сайёҳӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳати оилавӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб якчанд мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ, аз ҷумла «Сафеддара», дараи Такоб, дараи Сиёма, шаршараҳо ва чашмаҳои табиӣ ҷойгир мебошанд, ки ҳамасола таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонро ҷалб менамоянд. Ин мавзеъҳо барои истироҳат, сайругашт, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва шиносоӣ бо табиати нодири кишвар имконияти фаровон фароҳам меоранд. Бо рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар гардидани хизматрасониҳои сайёҳӣ, ноҳияи Варзоб мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон сол ба сол таҳким мебахшад.

Маҷмааи лижаронии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб ягона истироҳатгоҳи зимистонаи муосир дар мамлакат буда, дорои роҳҳои танобӣ, меҳмонхонаи сеситорадор, мавзеъҳои сноуборд ва конкитозӣ мебошад.
Дар ноҳия инчунин осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳатии оммавӣ ва солимгардонӣ, ба монанди «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Сайёҳон» ва «Сосновый бор», инчунин марказҳои истироҳатии доимӣ ва мавсимии дорои ҳавзҳои шиноварӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва шароити олӣ барои истироҳати оилавӣ мавҷуд мебошанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст