НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» чӣ миқдор маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардид?
ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 дар озмоишгоҳи дастгоҳи марказӣ ва озмоишгоҳҳои минтақавӣ чанд ҳолат ва намунаи маҳсулотро аз ташхис гузаронид? Дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Рустамзода чунин посух дод:
«Озмоишгоҳҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аккредитатсияи байналмилалӣ мебошанд. Соли 2026 120 намунаи маҳсулоти ғайристандартӣ дар озмоишгоҳҳои Агентӣ ошкор гардид, ки нисбат ба соли 2025 91 ҳолат зиёд мебошад».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки новобаста ба эълони мониторинг озмоишгоҳҳои Агентӣ фаъол мебошанд. Инчунин барои муайян намудани нишондиҳандаҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ якчанд ҳуҷҷати меъёрию техникӣ низ амал мекунад. Соли 2026 барои муайян кардани маҳсулоти хӯрокворӣ техникаҳои муосир ворид гардиданд.
Таъкид гардид, ки Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе ва марказҳои минтақавӣ озмоишгоҳҳои замонавӣ дорад. Онҳо сифати маҳсулот ва дурустиро аз санҷиш мегузаронанд. Озмоишгоҳҳои Агентӣ бехатарии ғизо ва меваю сабзавот, назорати сифати сӯзишворӣ (метрология ва ченакҳо), ҳарорат, вазн (масса) ва фишорро муайян мекунанд. Инчунин санҷиши молҳои саноатӣ, мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ташхис карда мешавад.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 1 миллиону 164 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯ набудаанд.
«Дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, сифат ва бехатарӣ 550 087 килограмм, аз ҷумла 3590 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 54 ҳазору 522 килограмм равғани растанӣ, 91 500 килограмм орд, 13 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ, 30 ҳазору 861 килограмм консерва ва 1306 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 13 ҳазору 480 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 4943 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 55 ҳазору 786 килограмм намак ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба воридоткунандагони ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд», — иброз намуд Малоҳат Рустамзода.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон 619 ҳазору 409 килограмм маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ба анборҳои нигоҳдории Агентӣ супорида шуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






