НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав 297 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ШАҲРИНАВ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншоот, аз ҷумла дар соҳаи маориф 12 иншоот, соҳаи тандурустӣ- 17 иншоот, соҳаи варзиш- 12 иншоот, 6 корхонаи саноатӣ, 9 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 101 иншооти соҳаи савдою хизматрасонӣ, дар 23 мавзеъ кашидани хати оби нӯшокӣ, 52 иншоот дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дигар иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва соҳибкорону сокинон 297 иншоот (бо бунёди 4 иншооти иловагӣ) сохта, ба истифода дода шуд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳринав, новобаста аз шакли моликият бо назардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ ба маблағи 38 миллиону 896 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 131,2 фоиз афзоиш ёфта, 9 миллиону 244 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2026 аз 34 корхонаи саноатии мухталифи ноҳияи Шаҳринав 24 корхонаи саноатӣ фаъолият намуданд. Фаъолияти 19 корхона дар доираи дурнамо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 самаранок арзёбӣ гардид.
Тавре дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, дар шаш моҳи соли равон маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 278 миллиону 809 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6 миллиону 820 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди соҳаи кишоварзӣ дар ин давра 102,5 фоизро ташкил дод.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






