НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 109 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 28 июл зимни нишасти матбуотии Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки ба ҷойи 337 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 368,9 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нисбат ба нақша 31,9 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 93,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 511,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардид. Ҳамчунин аз буҷети вилоятӣ 59,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






