НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4 816 нафарро ташкил дода, аз 6 203 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1 168 нафар занон мебошанд. Шумораи умумии занон дар давраи ҳисоботӣ 134 нафар зиёд шудааст. Дар ин хусус имрӯз 7 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишаст ҳамчунин хабар дода шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли равон, дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи умумии воҳидҳои корӣ 22 ҳазору 861 ададро дар бар гирифта, хизматчиёни давлатии амалан фаъолиятдошта 18 ҳазору 921 нафар ва теъдоди ҷойҳои холӣ 3940 ададро ташкил медиҳад.
«Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амаликунанда ба мақомоти марказӣ 12 401 нафар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 3 586 нафар ва ҳокимияти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2 934 нафар рост меояд»,-афзуд Илёс Идрисзода.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






