НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Июль 13, 2026 13:22

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 63 ҳазору 246 нафар ҳамчун корҷӯй муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 40 ҳазору 644 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ки аз ҷумла дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони бо ҷойи кор таъминшуда 25 ҳазору 534 нафар тавассути ҷойҳои холии кори мавҷуда, 4825 нафар ба тариқи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо), 5265 нафар дар натиҷаи баргузории намоишномаи ҷойҳои холии кор, 3764 нафар аз ҳисоби хатмкунандагони марказҳои таълимӣ ва 1256 нафар дар доираи гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои татбиқи фаъолияти соҳибкории хурд бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 511 маротиба намоиши ҷойи холии кор ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар онҳо 5100 корхонаю ташкилот иштирок намуданд.

Дар натиҷаи баргузории намоиши ҷойи холии кор 7467 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 5265 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ рушди соҳибкории хурд ва фароҳам овардани ҷойи нави кор ба 1256 нафар шаҳрванди бекор, ки хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба маблағи умумии 5 миллиону 871,9 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.

Иброз гардид, ки бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» доир шуда, дар давраи ҳисоботӣ  56,5 фоизи иҷрои барномаро ташкил дод.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад