НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд

Июль 8, 2026 13:18

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 40 навгонӣ ворид карда шуд, иттилоъ дод муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Иброз гардид, ки навгониҳои ба самти ташхис воридшуда бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст, дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо ва дигар бемориҳо мебошад.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо таъмини муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ дар мамлакат ташхис ва табобат рӯз то рӯз беҳтар ва дастрас гардидааст. Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат ба 139 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Аз ин шумора, 86 адад пайвандсозии гурда ва пайвандсозии ҷигар 53 ададро ташкил медиҳад.

Аз теъдоди умумии ин беморон 6 нафарро кӯдакон (пайвандсозии гурда 4, ҷигар 2 нафар) ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 12 бемори хориҷӣ амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра 1437 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2025 155 адад зиёд мебошад. Шумораи амалиётҳои ангиографияи гузаронидашуда 1743 ва амалиётҳои ангиопластика ва стентгузорӣ 865 ададиро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2025 мутаносибан 493 адад ва 376 адад кам мебошад. Инчунин дар ин давра ба 553 нафар амалиёти ҷарроҳии ивази буғум гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 8 адад камтар мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд