НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт ва чакана бештар гардидааст

Июль 20, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2926 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ — июни соли 2026 савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 43562,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 26,1 фоиз зиёд шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар моҳҳои январ — июни соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ–июни соли 2025 гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 31,8 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 38 255,5 миллион сомониро ташкил дод.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар моҳҳои январ — июни соли 2026 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳои хизматрасонӣ 15 845,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 10,6 фоиз зиёд шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳи июни соли 2026 99,9 фоиз, аз ҷумла молҳои озуқаворӣ 100,1 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ– 99,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 99,6 фоизро ташкил дод.

Ҳамчунин иброз шуд, ки дар моҳи июни соли 2026 аз маҳсулоти хӯроквории мушоҳидашуда — нархи маҳсулоти гӯштӣ– 2,5 фоиз (гӯшти гов – 4,1 фоиз ва гӯшти гӯсфанд – 1,9 фоиз); сабзавот, аз ҷумла сабзӣ– 10,6 фоиз, картошка – 9,0 фоиз ва бехпиёз – 5,7 фоиз; лимӯ – 14,2 фоиз, себ – 2,2 фоиз, тухм — 3,3 фоиз ва биринҷ 0,5 фоиз баланд шудааст.

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи июл нархи маҳсулоти нон, бӯлка ва ярмаҳо – 0,2 фоиз, орд – 0,7 фоиз, шир – 1,2 фоиз, бодиринг – 3,9 фоиз, карам – 10,7 фоиз ва помидор 18,9 фоиз арзон шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид