НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 28,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,9 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Аз ҳаҷми умумии истеҳсолот 18,3 миллиард сомонӣ ба маҳсулоти растанипарварӣ ва 10,5 миллиард сомонӣ ба маҳсулоти чорводорӣ рост омадааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар нишаст ҳамчунин изҳор гардид, ки дар шаш моҳи соли 2026 дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавӣ 47,2 фоиз ва бахши аҳолӣ 52,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз рӯи тақсимоти ҳудудӣ, ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 59,2 фоиз, вилояти Суғд 25,4 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,4 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2025 истеҳсоли як қатор маҳсулоти асосии соҳа зиёд гардидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли картошка, ки 286 ҳазор тоннаро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6,8 фоиз зиёд шудааст. Инчунин сабзавот 1281,5 ҳазор тонна, (5,3 фоиз), истеҳсоли гӯшт 135,6 ҳазор тонна(14,4 фоиз), гӯшти паранда 21,1 ҳазор тонна (7,1 фоиз), шир 465,5 ҳазор тонна (6,5 фоиз), тухм 691,1 миллион дона (3,3 фоиз), пашм 6,1 ҳазор тонна (5,5 фоиз), пилла 317,8 тонна (36,2 фоиз) ва истеҳсоли асал 718,3 тоннаро ташкил дода, 6,6 фоиз зиёд гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






