НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад

Июль 22, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 241,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 198,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2026 аз рӯи маълумоти пешакӣ дар маҷмуъ 267,6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 34,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рақамикунонии босуръат барои таъмини шаффофият дар фаъолияти соҳа яке аз ҳадафҳои афзалиятнок буда, Агентӣ дар ин самт тадбирҳои муайян меандешад.

«Аз ҷониби Агентӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» таҳия гардид. Мувофиқи он шуруъ аз моҳи августи соли 2025 пардохти нафақа ба таври мутамарказ тавассути «Амонатбонк» дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра амалӣ гардид. Ин ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, таъмини шаффофият дар самти ҷамъбасти талаботи нафақа ва тезонидани муҳлати пардохти он, инчунин аз байн бурдани ҳолатҳои аз ду ҷой гирифтани нафақа мусоидат менамояд», — афзуд директори Агнетӣ.

Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» оид ба бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳоро ба роҳ мондааст. Он имкон медиҳад, ки пардохти нафақа фавран боз дошта шуда, мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа пас аз фавти нафақагир идома меёфтанд, аз байн раванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид