НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 11,6 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон 11 миллиарду 656,4 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 156,6 миллион кВт/соат ё 1,3 фоиз кам мебошад. Чунин иброз намуд Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 10 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Вазир кам истеҳсол гардидани неруи барқро нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба коҳиш ёфтани воридоти об ба обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» ва фаъолият накардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сабаби иваз гардидани чархаҳои муваққатии корӣ ба чархаҳои доимӣ рабт дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» 8 миллиарду 887,6 миллион кВт/соат, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» 1 миллиарду 485,5 миллион кВт/соат, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 479,4 миллион кВт/соат, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» 121,9 миллион кВт/соат, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» 675 миллион кВт/соат ва неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 6,2 миллион кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар мамлакат 750,9 ҳазор Гкалл энергияи гармӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 61,5 ҳазор Гкалл ё 7,6 фоиз кам мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






