НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид

Июль 6, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи фарҳанг «Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» ва «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2027–2031» қабул гардиданд, иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин имсол дар мамлакат Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Балҷувон»  ва Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик фаъолияти худро оғоз намуд. Иброз гардид, ки ҳадафи ташкил ва фаъолияти ин муассисаҳои фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ҳифз, омӯзиш ва рушди мероси мусиқии миллӣ мебошад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон аҳли фарҳангу ҳунар ба 13 давлати ҷаҳон 31 сафари эҷодӣ анҷом дода, дар фестивалу ҳамоишҳои байналмилалӣ фарҳанги миллиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Узбекистон, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид