НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид

Июль 13, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» барои ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат интихоб гардид. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 13 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки дар ин давра донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, густариши таҳсилоти дуалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва татбиқи барномаи «Донишгоҳи сабз» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Иброз гардид, ки бозбинӣ гардидани Нақшаи амали «Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029» барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳои афзалиятнок, рушди инфрасохтор, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоту таҳқиқот ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ имконият фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки дар ин давра донишгоҳ барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар самти рушди иқтисоди «сабз», истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд дар доираи лоиҳаи «Дар доираи рушди малакаҳои касбӣ ва имконоти бокортаъминшавӣ» неругоҳи офтобии иқтидораш 150 КВт-ро ба истифода дода, дар самти ташаккули донишгоҳи «сабз» иқдоми муҳимро амалӣ намуд.

Дар нишасти матбуотӣ Убайдулло Асрорзода ҳамзамон оид ба дигар дастовардҳои донишгоҳ ва дурнамои рушди он, хусусан омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 ба хабарнигорон итиллоъ дод. Гуфта шуд, ки ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсилро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид