НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд

Июль 23, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи илмӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS (Elsevier) ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон итттилоъ дод.

Иброз гардид, ки донишгоҳ ҳамкории байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими рушди стратегӣ арзёбӣ намуда, робитаҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ густариш медиҳад. Инчунин бо мақсади иштирок дар ду раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ — «QS (Quacquarelli Symonds)» ва «Times Higher Education World University Rankings» корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба таври бонизом ба роҳ монда шуданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар самти рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ бо барномаи «Эфекта»-и Британияи Кабир ба роҳ монда шуда, тавассути он зиёда аз 50 омӯзгор ва беш аз 500 донишҷӯ ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб шуданд.

Дар шаш моҳи соли 2026 дар доираи барномаҳои табодули академӣ 26 донишҷӯ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус, Корея ва Қазоқистон фиристода шуданд. Инчунин 2 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос ба Русия ва Олмон ва 16 нафар барои иштирок дар конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба Англия, Фаронса, Русия, Ҳиндустон, Туркманистон, Озарбойҷон, Корея, Чин ва Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд.

Аҳлиддин Ибодуллозода афзуд, ки теъдоди донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ дар ҳама зинаҳои таҳсил 350 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо аз 8 давлат: Афғонистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Покистон, Русия, Чин ва Корея мебошанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд