НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд

Июль 27, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли равон ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар соли 2026 арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки узвият ба Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар вохӯрии вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2026 дар пойтахти Беларус –шаҳри Минск баргузор гардид.

Бо дахли ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода афзуд, ки ҳоло донишгоҳ бо 60 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Аз ин 13 созишномаи нав соли равон ба имзо расидаанд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Туркия, Чин, Олмон, Испания, Италия ва Корея дигар кишварҳо густариш ёфтааст. Ин барои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, илмӣ, табодули академӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таҳсил ва такмили ихтисоси омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3 факултет фаъолият дошта, дар 13 кафедраи он 182 омӯзгор, аз ҷумла 12 доктори илм, 84 номзади илм, 62 муаллими калон, 24 ассистент ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб гардидаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорти Тоҷикистон беш аз 52 фоизро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд