НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар маҷмуъ санадҳои амалкунанда дар самти ҳамкории байналмилалӣ ба зиёда аз 110 адад расид.
Тавре Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода 28 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар натиҷаи татбиқи санадҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ имконияти иштироки донишҷӯён дар барнома ва чорабиниҳои байналмилалӣ афзоиш ёфт. Дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии Erasmus+, Созмони ҳамкории Шанхай ва созишномаҳои ҳамкорӣ 14 донишҷӯ ба кишварҳои хориҷӣ равона гардиданд. Аз ҷумла, 8 нафар барои иштирок дар барномаҳои мубодилаи академӣ, 1 нафар барои иштирок дар Академияи зимистона ва 5 нафар барои ширкат дар Фестивали байналмилалии «100 навовари ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай».
Тибқи маълумоти ҳайати доварон, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни «Хакатон»-и Фестивали байналмилалии «100 навовари ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай» натиҷаи назаррас ба даст оварда, сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, созмон ва шарикони байналмилалӣ аз Чин, Малайзия, Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Русия, Чехия, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), мақомоти давлатии Амрико ва дигар шарикон вохӯриҳои судманд баргузор намуд.
Гуфта шуд, ки татбиқи якчанд лоиҳаи байналмилалӣ дар доираи барномаҳои грантӣ идома дошта, лоиҳаҳои Барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо – «OFINU – Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ» ва «CirculEC – Таҳияи барномаҳо ва модулҳои таълимии инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор», инчунин «Лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷии Тоҷикистон» бо маблағгузории 10 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи барномаи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) амалӣ мегардад, идома дорад.
Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи саноати нассоҷии Тоҷикистон» корҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашии бинои он барои баргузории тендери байналмилалӣ ва омодагӣ ба татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа идома дошта, тадбирҳои зарурӣ барои оғози амалӣ андешида мешаванд.
Инчунин дар ин давра дар доираи созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ 9 донишҷӯи донишгоҳ дар барномаҳои гуногуни мубодилаи академӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, 7 донишҷӯ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ (Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мирзахметови Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон), 1 магистрант дар доираи лоиҳаи ICM-и барномаи Erasmus+ KA171 дар Донишгоҳи Валядолиди Шоҳигарии Испания таҳсил намуда, 1 донишҷӯ дар Академияи зимистонаи Донишгоҳи Кокшетау иштирок намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






