НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид

Июль 21, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 6 миллиарду 803,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 2 миллиард доллар зиёд аст.

Тавре Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ иттилоъ дод, дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 5 миллиарду 224,3 миллион доллар молу маҳсулот воридот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 миллиарду 403,1 миллион доллар ё 36,7 фоиз зиёд аст. Содирот ба 1 миллиарду 579,0 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 635,8 миллион доллар ё 67,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Хуршед Каримзода афзуд, ки дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 76,8 фоиз ва содирот 23,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат ба маблағи 451,7 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 144,2 миллион доллар сурма ва маҳсулоти он, 116,8 миллион доллар алюминийи коркарднашуда, 73,5 миллион доллар нахи пахта, 39,2 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот, 20,8 миллион доллар ресмони пахтагӣ ва 4,6 миллион доллар семент содирот карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар ин давра нисбат ба нимсолаи якуми соли 2025 содироти мол ба кишварҳои Чин ба андозаи 212,6 миллион доллар, Белгия 65,7 миллион доллар, Узбекистон 4,6 миллион доллар, Русия 19,9 миллион доллар, Қазоқистон 17,6 миллион доллар, Эрон 2,2 миллион доллар, Қирғизистон 2,3 миллион доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Ҳоланд 194,3 миллион доллар, Покистон 8,4 миллион доллар, Туркия 6,3 миллион доллар, Фаронса 3,3 миллион доллар ва Туркманистон 0,6 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд