НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 141 санҷиши гузаронидаи нақшавӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд. Аз ин маблағ 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳайдаралӣ Раҷабзода иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи дархости Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар асоси супориши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи ангишт барои Маркази барқу гармидиҳии-2 дар шаҳри Душанбе дар давраи зимистони солҳои 2026-2027 бетағйир гузошта мешавад.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби хадамот 209 нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 13 муассисаи тиббӣ ва 103 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ва 93 нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва ба мувофиқа расонида шуда, қариб 60 фоизи нархномаҳо бетағйир мемонанд.
Инчунин дар нишаст сардори хадамот иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи май дар маҷлиси Ҳукумат оид ба танзим даровардани нархи фурӯши семент баён гардид, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, мониторинги вазъи бозор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин замина ва бо назардошти андешидани тадбирҳои фаврӣ нархи семент дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба танзим дароварда шуда, зери назорати доимӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида расида, нархи он рӯ ба афзоиш ниҳода, аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ 28 май ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон равона гардиданд.
Ҷараёни мониторинги гузаронида нишон дод, ки нархи як халта семент арзон шуда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд. Дар вилояти Суғд нархи як халта семент аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






