НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 62 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 62 миллиону 590,2 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5 миллиону 79 ҳазор сомонӣ беш буда, суръати афзоиши он 108,8 фоизро дар бар мегирад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар шаш моҳи соли 2026 ба истифодабарандагон ба маблағи 77 миллиону 219,2 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналиро таъмин намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 дар ҳаҷми 11 миллион 196,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 117,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни нишаст Ҷамшед Табарзода вобаста ба пардохти андозҳо иброз намуд, ки «мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои тобеи низоми Кумита ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯи ҳама намуди андозҳо 65 миллиону 922 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои ободонию сабзазоркунӣ ба маблағи 30 миллиону 350,0 ҳазор сомонӣ ба иҷро расидаанд, ки 90 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинигардидаро дар бар мегиранд.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






