НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод

Июль 10, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 фаъолияти 75 муассиса ва ташкилотро вобаста ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди назорат ва санҷиш қарор дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси кумита Сахидод Раҳматуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба ин шумораи умумӣ 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд, 55 мақомоти муассиса ва ташкилоти давлатӣ, инчунин 8 мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил мешаванд.

Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 36 адад зиёд мебошад. Инчунин кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 224 маводи рекламавии ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродиро аз нигоҳи мутобиқати матни овезаҳо ва ангораҳои рекламавӣ ба талаботи қонунгузории забонӣ баррасӣ намуда, мувофиқ гардонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 94 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷиҳати экспертизаи забоншиносӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 52 адад зиёд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид