НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 74 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода хабар дод.
Иброз гардид, ки аз шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда нисбат ба 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъйин гардида, 5 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шуд.
Маблағи умумии ҷаримаҳои таъйингардида 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи маълумоти комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар саросари ҷумҳурӣ 35 ҳазору 699 маърака ва маросим ба қайд гирифта шудааст.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонун бештар ҳангоми баргузории маросими тӯй ба мушоҳида мерасанд. Ин ба зиёд намудани шумораи меҳмонон, хароҷоти зиёдатӣ ва риоя накардани меъёрҳои муқарраргардидаи қонун вобаста буда, барои пешгирии чунин ҳолатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ мунтазам тақвият дода мешаванд», -афзуд Фаррухулло Олимзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо мақсади назорати риояи талаботи қонун аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 8 ҳазору 661 санҷиш гузаронида шуд. Аз ҷумла, 2 ҳазору 337 санҷиш дар шаҳри Душанбе, 35 санҷиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1213 санҷиш дар вилояти Суғд, 2 ҳазору 292 санҷиш дар вилояти Хатлон ва 2 ҳазору 784 санҷиш дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом дода шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин санҷишҳо ба таъмини риояи талаботи қонун, пешгирии қонунвайронкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти танзими ҷашну маросим мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






