НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2026 613 намунаи тухмиро аз озмоиш гузаронида, ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ додааст. Дар ин хусус 27 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Дар шаш моҳи якуми соли 2026 аз ҷониби мутахассисони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба парваришу фурӯши ниҳолҳо машғуланд, 146 шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи ниҳол барои 730 000 бех ниҳол дода шуд. Инчунин 1716,85 гектар кишти тухмӣ аз назорат гузаронида шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли 2026 дар асоси санҷишҳои гузаронида бо сабабҳои ба талаботи санитарию байторӣ ҷавобгӯ набудан 10 735 дона тухм, 3486 килограмм шир ва маҳсулоти ширӣ, 10197 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 1211,3 килограмм равған, 473,2 килограмм моҳӣ, 221 килограмм асал, 40 980 килограмм меваю сабзавот ва 7415 килограмм маҳсулоти полезӣ аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуд.
Назорат ва таъмини иҷрои талаботи байторию санитарӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти чорвою паранда аз ҷониби мутахассисони соҳа тибқи талабот ба роҳ монда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






