НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 4 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Руслан Қодирзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд. Соҳаи саноат дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аз имкон берун мебошад.
«Соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 283,5 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 142,3 фоизро ташкил дод»,-афзуд Руслан Қодирзода.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз 96 корхонаи саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2026 45 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 41 адад ҳаҷми истеҳсолро кам ва 10 адад фаъолият накардаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сохтмон ва навсозии якчанд корхонаҳои саноатӣ идома дорад. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристалл Грин Глас» корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, аз ҷониби Корхонаи истеҳсолии «Сиёма» корхонаҳои истеҳсоли борпечҳои гуногун, маҳсулоти машруботӣ, анборҳои бузург ва дигар корхонаҳо сохта мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд






