НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор гектар замини нав аз худ карда мешавад

Июль 9, 2026 15:05

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки соли равон 2820 гектар заминҳои навро аз худ намуда, 1119 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Зафарбек Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар шаҳру ноҳияҳо корҳо барои азхудкунии 416 гектар заминҳои нав ва барқарорсозии 344 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда идома дорад.

Директори агентӣ иброз намуд, ки ҳадафи амали ин барнома ин васеъ намудани майдони кишт ва самаранок истифода бурдани заминҳои нав ва заминҳои аз гардиши берун монда мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин барномаҳо соли 2026 ба маблағи 497 миллиону 486 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонда мешавад.

Иброз гардид, ки аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд