НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт

Июль 10, 2026 11:38

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуд, ки дар натиҷа 84 таклифи илмӣ рӯйи кор омад, — иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори ин ниҳод Иззатулло Саидзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Марказ оид ба гузаронидани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ мақоми ваколатдор мебошад. Соли 2026 бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ аз ҷониби таҳиякунандагон- субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дар Феҳрасти нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Феҳристи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ 44 огоҳинома ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир ва дар асоси талаботи моддаҳои 34-37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба таври онлайн дастрас гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо супориши ҳукумат ва бо ташаббуси Марказ соли 2026 шаш лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид.

Иззатулло Саидзода афзуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2026 Марказ доир ба 10 консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ корҳоро пеш бурда, иҷрои онҳоро таъмин намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд