НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд

Июль 8, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави тандурустӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишаст ҳамчунин изҳор гардид, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 41 муассисаи тиббӣ сохта шуд, ки аз ин 31 ададро муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 6 ададро муассисаҳои госпиталӣ ва 4 –тои дигарро муассисаҳои хусусӣ ташкил медиҳанд. Дар 92 муассисаи соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд.

«Аз 92 муассисаи тиббӣ, ки айни замон дар онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд, 65 адаро муассисаҳои КАТС, 20 ададро муассисаҳои госпиталӣ ва 7 –тои дигарро муассисаҳои хусусӣ ташкил медиҳанд»,-шарҳ доданд дар нишаст.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 55 муассисаҳо (39 муассисаҳои КАТС ва 16 муассисаҳои госпиталӣ) таъмир гардида, дар 111 муассиса (62 адад муассисаҳои КАТС, 43 адад муассисаҳои госпиталӣ ва 6 адад муассисаҳои хусусӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид