НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон тавассути ҳама намуди нақлиёт беш аз 76 миллион тонна бор ва 552 миллион мусофир интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ҳама намуди нақлиёт дар соли равон беш аз 76 миллион тонна бор бо гардиши 8 миллиард тонна-километр ва зиёда аз 552 миллион мусофир бо гардиши 8,2 миллиард мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2025 боркашонӣ беш аз 14 фоиз, гардиши борзиёда аз 17 фоиз, мусофирбарӣ 8 фоиз ва гардиши мусофирон 9,1фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири нақлиёт афзуд, ки ҳамлу нақли 94,7 фоиз борҳо ва 97,7 мусофир дар ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад. Инчунин таъкид шуд, ки дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ 72,5 миллион тонна бор ва беш аз 538 миллион мусофир интиқол дода шуда, мутаносибан 115 фоиз ва беш аз 108 фоиз зиёд мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






