НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ 80 ҳазору 193 парвандаи гуногунро баррасӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6401 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре Раиси Суди Олӣ иброз дошт, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 31 ҳазору 496 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 20 ҳазору 785 парвандаи оилавӣ, 8438 парвандаи маданӣ ва 6495 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти судҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби боҷи давлатӣ, ҷаримаҳо, мусодираи молу мулк ва дигар пардохтҳо ба маблағи умумии 119 миллиону 975 ҳазору 403 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳо аз ҷониби судҳо 22 ҳазору 793 таъиноти хусусӣ қабул гардида, 831 пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИИ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






